Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Ҷундуллоҳи Эрон ба дор овехта шуд


Давлати Эрон эълом кард, ки Абдулмалик Регӣ, раҳбари гурӯҳи шӯришии суннимазҳаби Ҷундуллоҳро, ба дор кашиданд. Ба навиштаи ИРНА ҳукми эъдоми ӯ дар зиндони Эвини Теҳрон иҷро шудааст.

Абдумалики Региро Эрон ба ғоратгарии мусаллаҳона, ҳамла ба нерӯҳои амниятӣ, мардуми осоишта, қатл ва дигар ҷиноёт гунаҳкор донистаанд.

Гурӯҳи Ҷундуллоҳ ба раҳбарии Абдулмалик Регӣ чанд ҳамлаи маргбор ба нерӯҳои амниятӣ дар вилояти Систону Балуҷистон воқеъ дар марзи Эрон бо Покистонро бар ӯҳда гирифта буд.

Ӯро моҳи феврали ҳамин сол ҳангоми парвозаш аз Дубай ба Қирғизистон аз дохили ҳавопаймои ширкати қирғизӣ боздошт карданд.

Ҷундуллоҳ гурӯҳи суннӣ буда, ба хотири дифоъ аз ҳаққи ақаллияти балуҷи суннимазҳаб меҷангад. Мақомоти Эрон ин гурӯҳро дар чандин бомбгузорӣ айбдор карда, мегӯянд, ки Ҷундуллоҳ бо шабакаи Ал-Қоида низ робита дошта, аз Покистону Бритониё ва ҳам аз Амрико кӯмак мегирад.

Абдулҳамид Регӣ, бародари Абдумалики Регӣ низ аз сӯи мақомоти Эрон боздошт шуда буд ва ба навиштаи хабаргузориҳои эронӣ дар як моҳши пеш, дар зиндони Зоҳидон, маркази устони Систону Балуҷистон, ба дор овехта шуда буд.

Тафсилоти бештар:

Амрико иддаои Эронро дар бораи Ҷундуллоҳ рад кард

Боздошти раҳбари Ҷундуллоҳи Эрон

Раҳбари гурӯҳи Ҷундуллоҳ чӣ тавр боздошт шуд?
XS
SM
MD
LG