Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико иддаои Эронро дар бораи Ҷундуллоҳ рад кард


Вошингтон иттиҳомоти Эронро дар ин бора, ки гӯё Амрико аз раҳбари гурӯҳи шӯришиёни исломии суннии мавсум ба Ҷундуллоҳ ҷонибдорӣ мекунад, рад кард. Ҳайдар Муслиҳӣ-вазири иттилооти Эрон гуфтааст, ки Абдулмалик Регӣ-раҳбари гурӯҳи Ҷундуллоҳ қабл аз боздошташ аз тарафи нируҳои амниятии Эрон 24 соат дар як пойгоҳи низомии Амрико қарор доштааст. Ҷон Сулливан-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико ба радиои Озодӣ ин иттиҳомоти Эронро сафсата номид:

"Ҳар гуна иддао дар бораи ҷалби Амрико дар гурӯҳи Ҷундуллоҳ ё кадом гурӯҳи террористии дигар дар Эрон сафсата аст. Амрико саргарми амалиёти зидди террористӣ дар саросари ҷаҳон аст ва дар ҷое аз ҳеҷ навъ фаъолияти терористӣ ҳимоят намекунад. Ҳар гуна иддао дар бораи ҷалби Амрико хандаовар аст".

Матбуоти Эрон навиштааст, Регӣ гӯё эътироф кардааст ва гуфтааст, Амрико пешниҳод кардааст, ки ба вай кӯмаки низомӣ мерасонад ва дар имтидоди марзҳои Эрон дар Афғонистон пойгоҳеро дар ихтиёраш мегузорад.
XS
SM
MD
LG