Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангарҳоро барчиданд, аммо вазъи фавқулода боқист


Давлати Қирғизистон вазъи фавқулода дар ҷануби кишварро то як ҳафтаи дигар тамдид кард. Дар айни ҳол нерӯҳои Қирғизистон ба барчидани сангарҳои худсохт дар кӯчаҳои Ӯш идома медиҳанд. Ин сангарҳоро ӯзбакҳо барои ҳифзи маҳаллаҳои худ аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ бардоштаанд.

Низоми вазъи фавқуллода, ки баъди бархостани низоъҳои хунини қавмӣ дар шаҳри Ӯш ва атрофи он дар нӯҳ рӯзи пеш эълом шуд, имрӯз ба поён мерасид. Роза Отунбоева, раиси давлати муваққат мегӯяд, дар низоъҳо дасти кам 2000 нафар ҳалок шудаанд.

Брюс Паннир, хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар шаҳри Ӯш қарор дорад, мегӯяд, тамдиди низоми вазъи фавқуллода, суолҳоро дар мавриди раъйпурсии умумӣ дар мавриди қабули тарҳи Қонуни Асосии нав барангехтааст, ки қарор аст, рӯзи 27 июн баргузор шавад.

Тарҳи нави Қонуни асосӣ - аз президентӣ ба порлумонӣ

Бар асоси тарҳи нав, Қирғизистон аз низоми раёсати ҷумҳурӣ ба низоми порлумонӣ хоҳад гузашт ва раиси ҷумҳур ҳам салоҳиятҳои зиёде нахоҳад дошт.

Брюс Паннир, мегӯяд, чун Қонуни нави асосӣ бисёр муҳим аст, аз ин рӯ ҳукумат мехоҳад, низоми вазъи фавқуллодаро 48 соат пеш аз раъйпурсӣ лағв кунад. Аммо бо ин вуҷуд ба гуфтаи ӯ теъдоди қобили мулоҳизаи мардум наметавонанд ба раъйдиҳӣ бираванд.

"Агар онҳо низоми вазъи фавқуллодаро тамдид кунанд, бояд раъйпурсиро низ ба таъхир андозанд. Бахши зиёде аз аҳолӣ зоҳиран дар интихобот ширкат карда наметавонад. Ман медонам, ки дар Бишкек, баъзе аз мақомоти расмӣ, хостори таъхир дар баргузории раъйпурсӣ шудаанд, аммо ба назар мерасад, ки Роза Отунбоева раиси давлати муваққат азм дорад, то раъйпурсӣ дар рӯзи 27 июн баргузор шавад".

Рӯзи якшанбе мақомоти интизомии Қирғизистон баъди хотимаи зарбулаҷали Мелисбек Мирзоаҳмадов мири шаҳри Ӯш барои барчидани тамоми сангарҳои худсохт аз кӯчаҳои шаҳр, сарбозон ба барчидани ин сангарҳо шурӯъ карданд.

Ба гуфтаи Брюс Паннир ӯзбакҳо ҳарос доранд, ки бо барчидани сангарҳо издиҳоми қирғизҳои хашмгин дигарбора ба маҳаллаҳои онҳо ворид мешаванд. Айни замон гузориш мерасад, ки худи ӯзбакҳо ба нерӯҳои қирғиз барои барчидани сангарҳо кӯмак мекунанд.

Оё узбакҳо дар раъйгирӣ ширкат мекунанд?

Ба гуфтаи Брюс Паннир, агар ӯзбакҳо, ки дар атрофи маҳаллаҳои маскунии худ дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод сангар бардоштаанд, дар раъйпурсиирӯзи 27 -уми июн ширкат накунанд, машрӯъияти ин корзори муҳими сиёсӣ зери суол меравад.

"Бо он ки ӯзбактаборон дар Ҷалолободу Ӯш, худро бо сангарҳо ҳифз мекунанд, ман бовар надорам, ки онҳо ба раъйпурсӣ бираванд. Ва албатта агар онҳо ба раъйпурсӣ нараванд, пас онро ба сахтӣ метавон раъйпурсии машрӯъ донист. Канор гузоштани ин мардум аз ин гуна чорабинии муҳим, иштибоҳи бузург мебуд. Бо тамоми касоне, ки ман дар маҳаллаҳои ӯзбакнишин сӯҳбат карда мегуфтанд, ки дар ҳукумат ҳеҷ намоянда надоранд, тамоми сарбозон ва тамоми кормандони пулис қирғизҳоянд. Агар раъйпурсӣ баргузор шавад ва баъдан агар чизе ба ӯзбакҳо писанд наояд, онҳо хоҳанд гуфт, ки ин “қонуни асосии мо нест, ин қонуни асосии қирғизҳост”.

Рӯзи шанбе, Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷаи Амрико баъди мулоқоташ бо Роза Отунбоева, раиси давлати муваққат хост, то омилҳои низоъ аз тарафи ниҳоди байналмилалии бетараф таҳқиқ шавад.

Ӯ афзуд, ки Амрико барои оворагон ва ба эътидол овардани авзоъ дар ҷануби Қирғизистон 38 миллион доллар кӯмак хоҳад кард. Дар айни ҳол маъмурони имдодӣ дар ҳар ду тарафи марз талош доранд, ба оворагони мӯҳтоҷ дар марзи Қирғизистону Ӯзбакистон кӯмак кунад.

Ба гуфтаи Созмони Милал, бар асари низоъҳои қавмӣ 300 ҳазор нафар дар дохили Қирғизистон овора шуда ва 100 ҳазор нафари дигар ба Ӯзбакистон гурехтаанд.
XS
SM
MD
LG