Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи таҳияи нақша ва тавлиди генераторҳои Роғун


Як ширкати азими Украина эълом кард, ки ба тарҳрезӣ ва тавлиди ду генератор барои нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон шурӯъ кардааст. Корхонаи “Электротяжмаш” бо нашри иттилоъияе дар вебсайти худ навиштааст, ки ҳарду генератор бо иқтидори 400 мегаватӣ бояд то соли 2012 ба Тоҷикистон ворид карда шавад. Арзиши қарордоди мазкур 40 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ барои нерӯгоҳи барқи обии Роғун 6 генератори нерӯманд, лозим аст ва мақомоти “Электротяжмаш” гуфтаанд, умедворанд, тавлиди генераторҳои боқимондаро Тоҷикистон аз ҳамин ширкат дархост хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG