Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барчидани сангарҳо дар ҷодаҳои Ӯш оғоз шуд


Сарбозони Қирғизистон ба бардоштани сангарҳои худсохти атрофи маҳаллаҳои ӯзбакнишин дар шаҳри Ӯш шурӯъ карданд, ки саҳнаи аслии низоъҳои хунини қавмӣ дар ҳафтаи гузашта буд. Зиреҳпӯшҳо мошинҳои сӯхта, тахтаҳои бетонӣ ва дарахтонеро аз роҳҳо дур мекунанд, ки ӯзбакҳову қирғизҳо дар ҷараёни низоъҳо бардошта буданд.

Бино ба гузоришҳо, дар баъзе аз манотиқ ӯзбакҳо ба сарбозон дар бардоштани сангарҳо кӯмак мекунанд ва шаҳри осебдида ҳам ором аст. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ дар низоҳъои қавмӣ дар шаҳри Ӯш ва атрофи он шояд бештар аз 2000 ҳазор нафар кушта шудаанд. Дасти кам 400 ҳазор нафари дигар овора ва ба кӯмакҳои хайрия мӯҳтоҷ шудаанд.

Тамдиди вазъияти фавқуллода дар Ӯш


Рӯзи шанбе ҳукумати муваққати Қирғизистон низоми вазъияти фавқуллода дар шаҳри Ӯшро то рӯзи 25 -уми июн тамдид кард. Ва нерӯҳои амниятӣ ва инзомӣ аз сокинони узбактабори Ӯш тақозо карданд, ки то шоми рӯзи якшанбе сангарҳои худсохташонро аз ҷодаҳои шаҳр барчинанд.

Мақомоти ҳукумати муваққат мегӯяд, вазъи фавқуллода то барқарории суботи комил дар минтақа бояд ҳифз шавад. Мақомоти маҳаллӣ дар Ӯш гуфтаанд, ки узбактаборон ҳанӯз ҳам ҳудуди 400 қирғизро чун гаравгон нигоҳ медоранд. Тибқи омори расмӣ дар ҳаводиси ахири Қирғизистон 192 нафар кушта шудааст. Аммо мақомот шумори кушташудагонро даҳ маротиб аз омори эълоншуда бештар медонанд.

Ахиран Созмони Милали Муттаҳид зимни баёнияе эълон кард, ки низоъи қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон ба зиндагии ҳудуди як миллион нафар сокини ин кишвар таъсир гузоштааст.

Каримов: Нооромиҳои Қирғизистон кори дасти кишвари севвум аст

Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон гуфтааст, нооромиҳо дар ҷануби Қирғизистон кори дасти кишвари севвум буд, ки мехост Узбакистонро даргири муноқиша бо Қирғизистон кунад.

Раисиҷумҳури Узбакистон дар як сӯҳбат бо хабаргузории «РИА Новости» гуфтааст, Узбакистон ҳаргиз ба чунин низоъҳо дар кишварҳои ғайр дахолат нахоҳад кард ва ба мудохилаи дигарон низ роҳ нахоҳад дод.

Ислом Каримов афзудааст, «ман ҳаводиси Қирғизистонро низоъи миллӣ намеҳисобам, зеро дар ин кишвар сабабе барои даргирӣ миёни узбакҳо ва қирғизҳо вуҷуд надошт».

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳаводиси ахири Қирғизистон на узбакҳо ва на қирғизҳо, балки ҷониби севвум айбдор аст.

СММ хостори кумаки молӣ ба гурезаҳои узбак шуд

Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукуматҳои кишварҳои саросари ҷаҳон хост, то барои рафъи бӯҳрони башарӣ дар Қирғизистон 71 миллион доллар кӯмак кунанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар чанд рӯзи низоъҳои мазҳабии Қирғизистон дар ҳафтаи гузашта эҳтимолан на камтар аз 2000 нафар кушта шудаанд.

Созмони Милали Муттаҳид, мегӯяд, бояд ҳарчӣ зудтар ба кӯмаки осебдидагони низоъҳои қавмӣ дар Қирғизистон шитофт, зеро вазъи онҳо рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал гуфт, хушунатҳо дар ҷануби Қирғизистон дасти кам 400 ҳазор нафарро овора кардааст.

Вай афзуд, «тахминан 400 ҳазор нафар дар дохили Қирғизистони беҷо шудаанд ва бештар аз 100 ҳазор нафари дигар ба Ӯзбакистон гурехтаанд, ки 80 ҳазор нафарашон дар хаймаҳо ба сар мебарад. Даҳҳо ҳазор нафари дигар, мунтазири убури марзи Ӯзбакистон ҳастанд».

Вазъи сангини фирориён дар марз

Вазъи ӯзбакҳое, ки дар марзи Қирғизистону Ӯзбакистон дар хаймаҳо рӯзи худро сипарӣ мекунанд, бисёр бад арзёбӣ мешавад ва мегӯянд, ки онҳо мӯҳтоҷи обу ғизо ҳастанд. Баъзеи онҳо ба хонаҳояшон ба ҷануби Қирғизистон баргаштаанд, вале аксарияташон аз бозгашт метарсидаанд.

Ҷон Ҳолмс, масъули ҳамоҳангсози кӯмакҳои башарии Созмони Милал, ки барои арзёбии вазъ ба Қирғизистон рафтааст, мегӯяд, “аз вусъати хушунатҳо, маргу маҷрӯҳон, хонасӯзиҳои густурда, хушунатҳои ҷинсӣ ва тороҷгарӣ” ба ваҳшат афтодааст.

Ба гуфтаи Брюс Паннир хабарнигори Радиои Озодӣ, шаҳри Ӯш, дуввумин шаҳри бузурги Қирғизистон ва саҳнаи аслии хушунатҳо, шаҳри матрукро мемонад. Агарчӣ, тирандозӣ дар шаҳр хотима ёфтааст, вале бисёре аз сокинони шаҳр, бахусус ӯзбакҳо аз тарс хонаҳояшонро тарк намекардаанд.

Камбуди шадиди обу ғизо

Брюс Паннир, ки дар шаҳри Ӯш аст, мегӯяд, «бисёре аз мардум дар хонаҳояшон пинҳон шудаанд ва аз хонаҳояшон намебароянд ва сӯҳбат намекунанд. Баъзе аз маҳаллаҳо комилан сӯхтаву нобуд шудаанд. Воқеан ӯзбакҳо ниҳоят нигарон ҳастанд ва чаро ки тамоми артиш ва сарбозони артиш, ки ман мебинам, қирғиз ҳастанд. Ӯзбакҳо фикр мекунанд, ки ба онҳо пулис ё артиш кӯмак нахоҳад расонд».

Брюс Паннир мегӯяд, захираи маводи ғизоии мардум ҳам батадриҷ тамом мешавад, бахусус аз сокинони ӯзбактабор, ки аз тарс ба бозорҳои кушодаи мутааллиқ ба қирғизҳо намераванд: «Чанд нафаре, ки ман дирӯз дидам, чанд рӯз боз ҳеҷ чиз нахӯрдаанд, зеро дигар чизе надоранд, вале аз тарс ба бозор намераванд».

Доруворӣ ҳам ба сахтӣ ёфт мешавад ва танҳо теъдоди ками маҷрӯҳон кӯмаки тиббӣ гирифтаанд. Брюс Паннир мегӯяд, баъзе аз табибони қирғиз довталабона ба маҳаллаҳои ӯзбакнишин рафтаанд, то ба онҳо кӯмак кунанд. Аммо дар маҷмӯъ имкони гирифтани кӯмаки тиббӣ барои ягон маҷрӯҳ бисёр кам аст. Ба гуфтаи ӯ, ӯзбакҳо ҳатто метарсанд, ки барои гирифтани кӯмаки тиббӣ аз хонаҳояшон берун бароянд.
Ҳарос аз идомаи хушунат

Дар маҳаллаҳои ӯзбакшиниши Ӯш, бисёриҳо аз он дар ҳаросанд, ки баъди аз байн бурдани сангарҳои бардоштаи сокинон дар сари роҳҳои мошингард, хушунат дигарбора сар мезанад.

Роза Отунбоева, раиси давлати муваққати Қирғизистон ваъда дод, ки ин сангарҳоро аз байн мебардоранд. Мири шаҳри Ӯш гуфт, агар сангарҳо то шаби шанбе аз байн бардошта нашаванд, сарбозонро барои иҷрои ин кор мефиристанд.

Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷаи Амрико, ки ҳоло дар Қирғизистон аст, хостори таҳқиқи байналмилалии низоъҳои қавмӣ дар Қирғизистон шуд.

Хушунатҳо тарҳрезишуда буд?

Бисёре аз шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки хушунатҳо тарҳрезӣ шуда буд ва теъдоде ҳам сарбозони қирғизро муттаҳам мекунанд, ки дар хушунатҳо ширкат доштанд. Аммо мақомоти қирғиз инро рад мекунанд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико гуфтааст, шояд Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон ҳам дар ин ҳодиса нақш дорад. Зимни нашри баёнияи расмие дар вебсайти вазорати умури хориҷаи Амрико, Ҳилларӣ Клинтон гуфтааст, “барканории Боқиев, вафодорони ӯро ҷогузошт, ки ниҳоят мухолифи давлати муваққат буданд”.

Аммо Қурмонбек Боқиев, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Белорус аст, гуфтааст, ки дар ин ҳодисаҳо ҳеҷ нақше надорад.
XS
SM
MD
LG