Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Узбакистон ду қазоқ ҷароҳат бардоштанд


Бар асари тирпаронӣ дар марзи миёни Қазоқистону Ӯзбакистон ду қазоқ ҷароҳат бардоштанд. Мақомоти марзбонии Қазоқистон дар як сӯҳбат ва бидуни ифшои ному насабашон ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи панҷшанбе як марзбони кишвар дар канори гузаргоҳи марзбонии Дархон сӯи ду нафар оташ кушодааст. Дар ин ҳодиса ду шаҳрванди Қазоқистон маҷрӯҳ шуда, ба бемористони деҳаи Оқжол интиқол ёфтанд.
Сабаби оташ кушодани марзбон маълум нест. Рӯзи 17 июн Қазоқистон эълом дошт, ки аз ин баъд ба ӯзбакҳои шаҳрванди Қирғизистон иҷозаи вуруд ба кишварро намедиҳад.
XS
SM
MD
LG