Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Эрон


Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар мулоқоти худ дар Бруссел тасмим гирифтанд, ки таҳримҳои мавҷудаи ин Иттиҳодия бар зидди Эронро тамдид кунанд, то ба ин васила Эрон роҷеъ ба барномаҳои ҳастаияш водор ба музокира шавад.

Раҳбарони Аврупо ҳамчунин талош карданд бозорҳои қарзаи ҷаҳонро ором кунанд, ки кишварҳот узви Иттиҳодияи Аврупо дар оянда ба умури молии худ ҳатман назорат хоҳанд бурд. Ҳамоиши раҳбарон ҳамчунин ишора кард, Иттиҳодияи Аврупо ба зидди дурӯғгӯёне низ мубориза хоҳад бурд, ки сабаби иқтисоди заъифи онҳо фишори қарзҳои кунуниашон аст.

Дар мулоқоти худ раҳбарони Аврупо масъалаи идомаи таҳримҳо бар зидди барномаҳои ҳастаии Эронро низ баррасӣ карданд. Онҳо дар як эъломияи муштарак таъкид карданд, ки изҳороти ахири Теҳрон дар бораи даст ёфтан ба ғанисозии уран то сатҳи 20 дарсад нигарониҳоро бештар кардааст, ки ин кишвар мехоҳад аслиҳаи ҳастаӣ иҷод кунад.

Ҳерман ван Ромпуй-раиси Шӯрои Аврупо дар мулоқот ишора кард, ки таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо бар иловаи таҳримҳои 10-ӯми июни Шӯрои Амният бар зидди Эрон ҷрӣ хоҳад шуд:

"Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунон аз барномаҳои ҳастаии Эрон амиқ нигарон хоҳад буд. Тадобири нави маҳдудкунанда ногузир шудааст. Шӯроли аврупо ба Шӯрои умури хориҷа раҳнамудҳое хоҳад додто қатъномаи 1929-и Шӯрои Амнияти СММ иҷро шавад ва дар иҷлоси навбатии моҳи июл тадобири изофӣ андешида хоҳад шуд".

Таҳримҳои нав бахшҳои тиҷоратии Эрон, молияву бонкҳо ва хатҳои нақлиётиро дар бар хоҳад гирифт. Тадобири вижа низ рӯи даст гирифта мешавад, то Эрон мустақилона натавонад имконоти тасфияи захоири худро боло бибарад ва аз манобеи ғании нафту гази худистифода барад. Маҳдудияти содир кардани раводид ба аъзои Сипоҳи Посдорони Инқилоб ва ба ҳолати рукуд даровардани ҳисобҳои бонкии онҳо низ ҷорӣ хоҳад шуд.

Эътирози Русия

Русия эътироз кард, ки Вошингтону Бруссел талош доранд Теҳронро муҷозот кунанд. Сергей Рибаков, муовини вазири крҳои хориҷаи Русия гуфт, кишвараш амиқан нигарон аст, ки на Вошингтон ва на Иттиҳодияи Аврупо ба дархостҳои Русия барои худдорӣ аз чунин иқдом бар зидди Эрон гӯш надоданд. Вале дирӯз Иттиҳодияи Аврупо бори дигар таъкид кард, ки ин масъала аз роҳҳои дипломатӣ ҳал шавад. Кэтрин Эштон-раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, Аврупо омода аст, музокира бо Теҳронро аз сар бигирад.

Масъалаи дигари мавриди баҳси раҳбарони Аврупо дар мулоқоти Бруссел душвориҳои молии ҳукумати Испания буд. Чунин ба назар мерасад, ки дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо кишвари дигаре, ки мавриди чолишҳои бузурги молӣ қарор мегирад, Испания хоҳад буд, зеро бонкҳои ин кишвар ва ҳукумати он аз бозорҳои қарзаи байналмиллалӣ қарзи зиёд гирифтаанд. Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дирӯз талош доштанд ин нигарониҳоро аз миён бардоранд ва гуфтанд, ки муштаракан ин мушкилро ҳал хоҳанд кард.

Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар ҳамоиши худ дар Бруссел ба пешниҳодҳои мудирият дар мавриди муқаррароти шадидтари буҷа ва ҳамоҳангии наздиктари сиёсати иқтисодӣ ба тавофуқ расиданд, то аз такрори бӯҳрони қарз дар қаламрави истифодаи евро пешгирӣ ба амал ояд. Онҳо тасмим гирифтанд, кишварҳое, ки ҳадафҳои будҷа ва қарзро иҷро намекунанд, бояд ба таҳримҳои шадидтар дучор шаванд.

Дар ҳамоиши худ раҳбарон ҳамчунин ба тавофуқ расиданд, ки фаъолияти бонкҳо бояд бештар шаффоф бошад, то онҳо дурустии фаъолиятҳои молии худро нишон диҳанд. Раҳбарон ҳамчунин таъкид карданд, ки пешнависи будҷаи ҳар кишвари узв бояд барои ошноӣ ба Коммиссияи Аврупо пешкаш шавад ва танҳо баъд аз он барои тасвиб ба порламонҳо фиристода мешавад. Дар ҳамоиш раҳбарон ҳамчунин гуфтанд, ки онҳо дар мулоқоти 26-27-ӯми июн дар Торонтои Канада амалиёти пардохти молиёт ё андозро ба 20 кишвари пешрафтаи иқтисодии ҷаҳон ва кишварҳои дар ҳоли рушд низ пешниҳод хоҳанд кард.

"Сиёсати дугонаи Русия"

Роберт Гейтс, вазири дифои Амрико мегӯяд, амалкарди Русия дар масъалаи барномаи ҳастаии Эронро ҷунуномез (шизофрения) унвон кард ва гуфтааст, ки Русия як даъфа Эронро таҳдиди амниятӣ ном мебарад, вале акнун дар пайи равобити тиҷоратӣ бо ин кишвар аст.

Вазири дифои ИМА ин суханонро дар ҷаласаи кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи маҷлиси Амрико иброз доштааст.

Ӯ афзуд, се сол Владимир Путин, раиси ҷумҳури пешини Русия ба ӯ гуфта буд, Эрон бузургтарин таҳдид алайҳи манофеъи миллии Русия аст. Аммо акнун Русия манофеъи тиҷорӣ дар Эрон дорад ва решаи он ба бист сол пеш бозмеградад.

Роберт Гейтс гуфт, Русия намехоҳад аз фурсатҳои тиҷоратӣ дар Эрон ба содагӣ даст бикашад ва истифода накунад.
XS
SM
MD
LG