Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нимаи аввали бозии Аргентина - Кореяи Ҷанубӣ - 2:1


Тими миллии Аргентина, имрӯз, 17-уми июн, дар дуввумин бозиаш дар сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои Ҷанубӣ дар гурӯҳи В, дар шаҳри Йоханнесбург бо дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ қувваозмоӣ дорад.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи Аргентина хотима ёфт. Дар дақиқаи 17-уми бозӣ пас аз зарбаи ҷаримавии ҳамлагари Аргентина Месси ғайриинтизор Пак Чу Янг, бозигари Кореяи Ҷанубӣ, тӯбро вориди дарвозааш кард.

Баъди 16 дақиқа Игуаин, бозигари Аргентина, тӯби дуввумро аз ҷаримагоҳ ба дарвоза зада, ҳисобро афзун кард. Вале Ли Чун Юнг, бозигари кореягиҳо, дар дақиқаи 45-ум аз хатои ҳимоятгар Демичелис истифода карда, тӯбро ба ҳадаф расонд ва ҳисобро тағйир дод – 2:1 ба фоидаи шогирдони Диего Марадона, сармураббии Аргентина. Ҳоло нимаи дуввуми бозӣ ҷараён дорад.

Имрӯз соати 19 бо вақти Душанбе дастаҳои дигари гурӯҳи В -Юнон ва Нигерия қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Бозии даври дуввум дар гурӯҳи А соати 23.30 бо вақти Душанбе миёни тимҳои Фаронса ва Мексика шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG