Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Чили бар Гондурас


Марҳалаи ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии футбол — 2010 дар Африқои Ҷанубӣ ҷараён дорад ва имрӯз рӯзи шашуми мусобиқот аст. Нахуст дастаҳои Гондурас ва Чилӣ дар гурӯҳи охирин «Н» қувва озмуданд. Бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи Чилӣ хотима ёфт. Голи ягонаро Босежур дар дақиқаи 34—ум ба самар расонид. Бозии дуввум соати 19.00 ба вақти Душанбе байни тимҳои Испониё, қаҳрамони кунунии Аврупо ва Швейтсария шурӯъ шуд. Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расид. Дар дақиқаи 52-юм бозигари Швейтсария Н.Н'Куфо ҳисобро кушод. Бозӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG