Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори беҷошудагон шояд ба 100 000 бирасад


Фиристодаи СММ Мирослав Енса гуфт, теъдоди беҷошудагон дар натиҷаи ошӯбҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон метавонад ба 100 000 бирасад. Ӯ имрӯз дар Бишкек гуфт, бино ба маълумоти мақомоти Узбакистон, алакай 75 000 нафар дар марз бо ин кишвар ҷамъ омадаанд ва шумори онҳо ба зудӣ метавонад аз марзи 100 000 гузарад. Енса афзуд, аммо вазъи амниятӣ дар марзҳои Қирғизистон тадқиқи теъдоди беҷошудагонро ғайримумкин кардааст. Вазорати беҳдошти Қирғизистон мегӯяд, тайи 5 рӯзи низоъҳои қавмӣ миёни қирғизҳову узбакҳо дар Ӯшу Ҷалолобод дастикам 170 нафар кушта ва беш аз 1700 тани дигар захмӣ шудаанд.
Раҳбари муваққати Қирғизистон Роза Отунбоева имрӯз гуфт, Паймони Амнияти дастаҷамъӣ нақшаи ба ин кишвар фиристодани нирӯҳои ҳомии сулҳро надорад. Ӯ афзуд, ки ҳукумати муваққат бо вуҷуди хушунатҳо раъйпурсии саросарӣ ба хотири тасвиби тарҳи нави Қонуни асосиро барпо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG