Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блэр хостори сабук кардани муҳосираи Навори Ғаза шуд


Тонӣ Блэр-фиристодаи Иттиҳодияи Аврупо барои Ховари Миёна гуфт, вай умедвор аст, ки дар рӯзҳои наздик нишонаҳои сабук кардани муҳосираи Навори Ғазаи Фаластин аз тарафи Исроил мушоҳида шавад. Нахуствазири собиқи Британия гуфт, мақомоти Фаластин ва Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамчунин Исроил метавонанд барои назорат бар интиқоли мавод ба Навори Ғаза нақш бозӣ кунанд. Дирӯз Амр Мусо-раҳбари Ҷомеаи Араб аз Навори Ғаза боздид кард ва боздиди чунин мақоми баландпояи араб аз замони тасарруфи Навори Ғаза аз тарафи гурӯҳи Ҳамос дар соли 2007 бори аввал анҷом мегирад. Вай аз Исроил хост, ки ба муҳосираи Ғаза поён диҳад.
XS
SM
MD
LG