Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҳавоӣ ба паноҳгоҳҳои Толибон дар Оракзай


Мақомоти Покистон мегӯянд, ҳавопаймоҳои ҷангӣ як силсила паноҳгоҳҳои ҷангиён дар устони шимолуғарбиро тахриб карда, 10 чирикиро ба ҳалокат расондаанд. Самеъуллоҳхон, як мақоми маҳаллӣ гуфт, ҳамлаҳои рӯзи шанбе боқимондаҳои Толибон дар минтақаи қабиланишини Оракзайро ба ҳадаф дошт.
Артиши Покистон пирӯзиаш бар ҷангиён дар ин қаламравро ҳанӯз ҳафтаи гузашта эълон кард. Давлат мегӯяд, дар амалиёти Оракзай даҳҳо чирикиро аз байн бурдааст, вале таъйиди ин иддао тавассути манобеъи мустақил ғайримумкин аст.
XS
SM
MD
LG