Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева мегӯяд, аз нооромӣ дар Ӯш ҷилавгиӣ шудааст


Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон ҳамаи созмонҳои байналмиллалӣ фаъолияти худро боздоштаанд. Бонкҳо фаъолият намекунанд.
Бино ба гузоришҳо, дар як задухӯрди ногаҳонӣ дар ин шаҳр ,дастикам, 17 нафар кушта шудаанд. Баъд аз ин задухӯрди хушунатбор мақомоти ҳукумати муваққатии Қирғизистон дар шаҳр вазъи изтирорӣ эълон карданд ва ба шаҳр ниру ва техникаи зиреҳдори низомӣ фиристода шудааст. Бино ба гузоришҳо, дар ин нооромиҳо тақрибан 1000 нафар аз ҷониби гурӯҳҳои рақиб ва ҷавонон ширкат доштаанд. Вазорати беҳдошти Қирғизистон гузориш медиҳад, ки 200 нафар бо ҷароҳатҳои мухталиф дар бемористон бистарӣ шудаанд. Роза Отунбоева- раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон зимни суханони худ аз телевизиони кишвараш гуфт:

"Дар натиҷаи тадобири гирифта ба мо муяссар шудааст, ки талошҳои урсурҳои харобкорро боздорем. Нируҳо ба нишонаи ҳушдор ба ҳаво тир андохтанд. Техникаи зиреҳҳдори низомӣ барои таъмини амнияту оромӣ вориди шаҳр шудаст".


Дар ҷараёни ин нооромиҳо шишаҳои мағозаҳоро шикастаанд, мошинҳоро оташ задаанд ва мағозаҳоро тороҷ кардаанд. Баъзе хабаргузориҳо гузориш додаанд, ки ин нооромиҳо ангезаи қавмӣ ё миллӣ доштааст ва миёни аҳолии қирғиз ва узбактабори шаҳр сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG