Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Ҷаҳонии Футбол имрӯз шурӯъ мешавад


Имрӯз дар Африқои Ҷанубӣ мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол, пурбинандатарин мусобиқаи варзишӣ дар ҷаҳон шурӯъ мешавад. Ҷоми ҷаҳонии футболро ҳамасола миллиардҳо нафар тамошо мекунанд ва ин мусобиқот дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёд дорад. Баъди ифтитоҳи расмии мусобиқот, нахустин бозӣ миёни тими миллии Африқои Ҷанубӣ ва Мексика баргузор мешавад. Ва дар шаҳри Кейп Таун Фаронса ва Уругвай нерӯ меозмоянд. 32 тими миллӣ барои соҳиб шудан ба унвони қаҳрамони ҷаҳон талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG