Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳои дастаҷамъии ҳомиёни ҳуқуқ аз Эрон


Ду гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи инсон дар Фаронса ва Ширин Ибодӣ барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, як маъракаеро ба хотири озодии зиндониёни сиёсӣ дар Эрон шурӯъ карданд. Маъракаи мазкур ҳамзамон бо аввалин солрӯзи интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон дар соли гузашта раҳандозӣ шуд, ки тазоҳуроти густурдаеро барангехт ва ҳамчунин бо саркӯбии хушунатомези фаъолони мухолифин анҷомид. То кунун даҳҳо тан аз фаъолони сиёсӣ, хабарнигорон ва ислоҳталабон дар зиндонҳои Эрон боқӣ мемонанд. Гузоришгарони Бидуни Марз, Федератсияи Байналмилалии Ҳуқуқи Инсон мегӯянд, аз ҳукумати Эрон хоҳанд хост, то ин зиндониёни сиёсиро раҳо кунад.
XS
SM
MD
LG