Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни инфиҷор ба 40 нафар расид


Теъдоди қурбониёни инфиҷор дар вилояти Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, ба 40 нафар расид. Бар асари ин ҳодиса, ки шоми дирӯз ба вуқӯъ пайваст, беш аз 75 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.
Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Афғонистон, як маргталаб худро дар як тӯйи арӯсӣ дар волусволии Аргандоб инфиҷор кардааст. Намояндаи ин вазорат гуфт, як теъдод меҳмонони ҷашн бо мақомоти полиси маҳаллӣ пайванди хешутаборӣ доштанд.
Ахиран Қорӣ Юсуф Аҳмад, сухангӯи ҷунбиши “Толибон”, изҳор намуд, ки онҳо дар ин ҳамла даст надоранд. Ҳамзамон толибон масъулияти тирборони чархболи нерӯҳои НАТО дар вилояти Ҳилмандро бар дӯш гирифтанд. Бар асари суқути чархбол чаҳор низомии амрикоӣ ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG