Бар асари инфиҷори норинҷак дар шаҳри шимолии Токмаки Қирғизистон чаҳор нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти вазорати изтирории Қирғизистон, фарди номаълуме асри дирӯз ин норинҷакро ба маркази тиҷоратие дар шаҳри Токмок партоб кардааст. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, захмҳои аксари осебдидагон сабук будааст ва мақомоти интизомӣ ба таҳқиқи ин қазия шурӯъ кардаанд.