Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авфи Байналмилал ҳукумати Эронро танқид кард


Созмони Авфи Байналмилал, давлати Эронро ба хомӯш кардани садои тамоми дигарандешон муттаҳам кард. Ин созмон дар гузориши тозае гуфтааст, ки Эрон барои саркӯб кардани мунтақидонаш, аз ҷумла ҳуқуқдонон, академикҳо, зиндониёни собиқи сиёсӣ ва намояндагони қавмҳову аққалиятҳои мазҳабӣ аз ҳукми қатл, азияту шиканҷа ва ҳабс кор мегирад. Гузориши мазкур дар остонаи солгарди интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 12 июни соли гузашта дар Эрон нашр шуд. Баъди тазоҳуроти густурда алайҳи натиҷаҳои интихоботи мазкур, ки Маҳмуди Аҳмадинажод дар он пирӯз шуд, мақомот ҳазорон нафарро дастгир карданд.
XS
SM
MD
LG