Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду сарбози дигари НАТО дар Афғонистон


Як рӯз баъд аз талафоти 10 сарбози Паймони Атлантики Шимолӣ дар Афғонистон, ду сарбози дигари паймонро рӯзи сешанбе дар ин кишвар куштанд. Ҳарду сарбози Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон бар асари инфиҷори бомбе дар ҷануби ин кишвар ҳалок шудаанд. Миллияти сарбозони қурбоншуда маълум нест. Рӯзи душанбе, ҳафт сарбози амрикоӣ, як фаронсавӣ ва дуи дигар аз Австралия дар силсилаи ҳамлаву бомбгузориҳо ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG