Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти эътирозӣ дар наздикии Бишкек


Имрӯз тақрибан 500 нафар аз Оқҷар деҳе дар наздикии Бишкек-пойтахти Қирғизистон роҳи аслии вурудӣ ба Бишкекро бастанд ва тақозо карданд, ки мақомот аҳолии ин деҳро бо оби поки ошомиданӣ ва нируи барқ таъмин кунанд. Сокинони деҳ барои бастани роҳ мошини КамАз-ро сари роҳ гузоштаанд. Мақомоти расмӣ бо тазоҳуркунандагон мулоқот кардаанд ва хостаанд, ки сокинон роҳи аслии миёни бозори Дурдой ва Қазоқистонро боз кунанд. Мақомот қавл доданд, ки эҳдоси хати барқ ба Оқҷар рӯзи чаҳоршанбе шурӯъ мешавад. Ин деҳ 5 соли пеш бунёд шуда буд ва сокинон аз манотиқи мухталиф ба он ҷо омадаанд. Аксари онҳо иҷозаи расмии сохтмони манзилгоҳ надоранд.
XS
SM
MD
LG