Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Парвандаи вижаи" ҳастаии Эрон


Мудири Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ барои нахустин бор парвандаи барномаҳои атомии Эронро “парвандаи вижа” хонд. Аммо намояндаи Теҳрон дар ин оҷонсӣ гуфт, ки аслан Исроил ба сулҳи Ховари миёна хатари аслӣ эҷод мекунад.

Дар баёнияи Юкия Амано, раиси ин оҷонсии СММ, ки дар оғози нишасти шӯрои ҳуккоми оҷонсӣ садо дод, нигаронии ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз барномаи ҳастаии Эрон инъикос ёфтааст.

Таҳлилгарон ишора мекунанд, ки дар тафовут аз раиси қаблӣ Муҳаммад Ал Бародаӣ, Амано дар мавриди Теҳрон мавқеъи сахтгиронатар дорад. Вошингтон ва кишварҳои Ғарб ба хотири мухолифати Бародаӣ ба водор кардани Эрон барои иҷрои ӯҳдадориҳояш ӯро мавриди интиқод қарор медоданд.

"Парвандаи вижа"

Интизор меравад, дар нишасти навбатии Шӯрои Амнияти СММ таҳримҳои иқтисодӣ ва дипломатӣ алайҳи Эрон барои саркашиаш аз қатъи ғанисозии ураниум тақвият дода мешавад.

Эрон ба Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ имкон намедиҳад, иттилои истихбороти Амрико ва дигар кишварҳои Ғарб дар бораи он ки он кишвар озмоишҳои низомии ҳастаиашро пинҳон мекунад, таҳқиқ кунад.

Таҳримҳои нави Шӯрои Амнияти СММ нигарониҳо дар бораи вуҷуди чунин барномаро инъикос хоҳад кард. Илова бар ин Теҳрон аз қатъи ғанисозии ураниум саркашӣ карда мегӯяд ки ҳадафаш тавлиди сӯхти ҳастаист.

Аммо ин мавод инчунин барои тавлиди кулоҳакҳои ҳастаӣ низ метавонад истифода шавад.

Дар оғози нишасти шӯрои ҳуккоми ин оҷонс, Юкиа Амано гуфт, “Парвандаи Эрон ба далели эҳтимоли озмоишҳои пинҳони ҳастаии низомӣ як парвандаи вижа” аст.

Вай афзуд, дар ҳоле, ки оҷонсӣ, ташхиси маводи эъломшудаи ҳастаӣ дар Эронро идома медиҳад, Эрон ҳамкории лозимро накардааст ва ба оҷонсӣ иҷоза надодааст, ки мутмаъин шавад ки тамоми маводи атомӣ барои фаъолиятҳои сулҳомез аст.

Мавзӯъи Эрон ва Сурия, ки он ҳам ба доштани барномаи низомии ҳастаӣ муттаҳам мешавад, солҳост, ки дар сархати нишастҳои шӯрои Оҷонси энержии атомӣ қарор дорад. Аммо имкон дорад, ки дар нишасти навбатии Шӯрои Амният таваҷҷуҳи хоса ба танқиди Исроил шавад.

Барои аввалин бор силоҳи ҳастаии Исроил баҳс мешавад

Мегӯянд, Исроил низ силоҳи атомӣ дорад, аммо Телавив ҳеҷ гоҳ инро таъйид накардааст. Бори нахустин дар тули 19 сол мавзӯъи “қобилиятҳои ҳастаии Исроил” дар Шӯрои Амният баррасӣ хоҳад шуд.

Таҳлилгарон бар ин ақидаанд ки матраҳ шудани мавзуъи мақоми ҳастаии Исроил дар нишаст метавонад таваҷҷуҳро аз Теҳрону Димишқ канор бурда сабаби ихтилофи назарҳои кишварҳои узв шавад. Онҳо мегуянд ки ҳатто имкон дорад ки кишварҳои дар ҳоли рушд аз Эрону Сурия пуштибонӣ карда Исроилро мавриди интиқод қарор диҳанд.

Фишорҳои охир давлати яҳудиро дар мавқеъи мушкиле мегузорад. Исроил мехоҳад, ҷомеъаи ҷаҳонӣ нагузорад, ки Эрон соҳиби силоҳи атомӣ шавад, аммо ҳамзамон аз даъватҳо барои ошкор кардани қобилиятҳои ҳастаиаш саркашӣ мекунад.

Ҳамлаи Исроил ба корвони киштии кӯмакрасон барои Навори Ғазза ҳафтаи гузашта, ки мунҷар ба марги 9 нафар шуда буд, мавқеъи Исроилро дар баробари мунаққидонаш боз ҳам заъифтар мекунад.

Ҳадаф мунҳариф кардани афкор аст?

Али Асғар Султония, раҳбари ҳайати Эрон амалкарди Исроил дар Навори Ғазаро ҷиноят алайҳи инсоният хонд. “Чунин нақзи қонунҳои байналмилалӣ ва илова бар ин қобилиятҳои ҳастаӣ барои сулҳу амният дар тамоми ҷаҳон хатар эҷод мекунад”, гуфт ӯ.

Оқои Султония афзуд, Амрико ва баъзе кишварҳои дигар мехоҳанд, таваҷҷӯҳи ҷомеъаи ҷаҳониро аз хатари қобилиятҳои ҳастаии Исроил ба дигар сӯ бикашанд.

Ин дар ҳолест, ки Ҳиллари Клинтон вазири корҳои хориҷаи Амрико рӯзи якшанбе гуфта буд, ки имкон дорад, Эрон кӯшиш кунад монеъи эъмоли таҳрим ба зидди он кишвар шавад.
XS
SM
MD
LG