Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои раиси амнияти миллии Афғонистон


Амрулло Солеҳ, раиси кулли Идораи амнияти миллии Афғонистон ва Ҳаниф Атмар, вазири дохилии ин кишвар гуфтаанд, ки ба далели нокомӣ дар иҷрои вазифаҳои худ, аз мақомашон истеъфо додаанд.

Амрулло Солеҳ зимни эълони истеъфои худ гуфт, ки дар рӯзи баргузории Ҷиргаи сулҳи Кобул, ба унвони раиси умумии амнияти миллӣ натавонист амнияти маҳалли баргузории ин нишастро таъмин кунад. Ҳарчанд аз 17 маврид ҳамлаи пешбинишуда 16 мавриди он кашфу хунсо шуд, аммо як ҳамала дар ин рӯз сурат гирифт, ки боиси талафоти ҷонӣ низ шуд.

Амрулло Солеҳ гуфт, гузориши бо далелу арқоме дар ин марвид ба Ҳомиди Карзай ироъа кардааст, аммо ин гузориш раиси ҷумҳурро қонеъ насохтааст. Ва ба гуфтаи оқои Солеҳ ба ин далел идомаи ҳузури худ дар мақоми раиси кулли амниятро ғайри ахлоқӣ медоднад.

Ҳамали Толибон дар он рӯз, замоне сурат гирифт, ки Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон саргарми суханронӣ дар ҳазури вакилолни Ҷиргаи машваратии сулҳ буд.

"Омилҳои хориҷӣ ҳам вуҷуд дорад"

Амрулло Солеҳ, зимни нишасти хабарие дар Кобул гуфт: "Инҷониб Амрулло Солеҳ, раиси умумии амнияти миллӣ истеъфои худро аз ин симат ба далели ин ки дар тартиботи амниятии ҷиргаи машваратии сулҳ ноком шудем, ба ҳузури раиси ҷумҳур ва миллати бузургвори Афғонистон, тақдим медорам."

Оқои Солеҳ афзуд, далелҳои дигаре низ вуҷуд дорад, ки ман ба бар пояи онҳо аз мақоми худ худ истеъфо мекунам. Оқои Солеҳ гуфт, дар бораи ин далоил дар рӯзҳои баъдӣ сӯҳбат хоҳад кард.

Феълан Муҳаммадмунири Мангал, муовини вазорати дохилӣ сарпарасти ин вазорат таъин шудааст ва ҳамчунин Иброҳим Испинзода, муовини Идораи амнияти миллии Афғонистон низ раёсати муваққати ин идораро бар ӯҳда гирифтааст.

Амрулло Солеҳ, аз замони суқути Толибон раиси умумии Идораи амнияти миллии Афғонистон буд. Ӯ аз ёрон ва ҳамроҳони наздики Аҳмадшоҳ Масъуд ва аз масъулони дафтари собиқи фармондеҳи муқовимати зидди Толибон дар Душанбе буд.

Ҳаниф Атмар низ аз яку ним соли пеш ба унвони вазири дохилаи Афғонистон таъин шуда буд. Ӯ қабл аз ин вазири маорифи Афғонистон буд.
XS
SM
MD
LG