Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи мақомоти Бангладеш ва Facebook


Мақомоти Бангладеш тасмими қаблӣ дар бораи манъи дастрасӣ ба шабакаи интернетии Facebook дар кишварро бознигарӣ карданд. Дастрасӣ ба Facebook дар кишвар баъд аз он ғайримумкин гардид, ки дар ин сомона тасвирҳои танзомези Паёмбари ислом Муҳаммади Мустафо ва тасвирҳои “таҳқиромез”-и сиёсатмадорони бангладешӣ пайдо шуданд. Ҳасан Маҳмуд Диловар, раиси комиссиюни танзими мухобироти Бангладеш, изҳор карда буд, ки Facebook ҳиссиёти мазҳабии мардуми кишварро, ки теъдоди бузургашон пайравони исломанд, таҳқир кардааст.
Тибқи хабарҳо, баъд аз музокироти мақомоти Бангладеш бо намояндагони Facebook ҳама матну тасвирҳои барои мусалмонҳо таҳқиромез аз ин шабакаи интернетӣ берун андохта шуданд.
XS
SM
MD
LG