Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил киштинишинонро ихроҷ мекунад


Исроил фаъолони ҳуқуқи башари пуштибони Фаластинро, ки мехостанд тавассути киштии ирландии “Рейчел Коррӣ” муҳосираи дарёии навори Ғазза шикананд, истирдод мекунад. Ин киштиро рӯзи гузашта нерӯҳои исроилӣ маҷбур ба лангарандозӣ дар бандари Ашдод карданд.

Тибқи хабарҳо, аксари афроде, ки дар киштӣ ҳузур доштанд, ба фурудгоҳи Тел-Авив интиқол дода шудаанд. Миёни фаъолони ҳуқуқи башар – барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аз Ирландия Мейрид Корриган-Магуир ҳам ҳаст.

Киштии ҳолмили кӯмакиҳои башарӣ, аз ҷумла, дору ва масолеҳи сохтмонӣ аз сӯи низомиёни исроилӣ забт ва ба бандари Ашдод оварда шуд ва айни ҳол тафтиши борҳои он идома дорад.

Гуфта мешавад, ки сарнишинҳои киштӣ ҳангоми ғасби киштӣ аз сӯи низомиёни исроилӣ муқовимат нишон надоданд.

Исроил киштии кӯмакрасони Навори Ғаззаро гирифт

Рӯзи гузашта нерӯҳои артиши Исроил ба киштии мавсум ба “Рейчел Коррӣ”, ки аз Ирландия бо борҳои башардӯстона озими Навори Ғазза буд, ворид шуда ва онро барои лангар андохтан ба бандари исроилии Ашдод бурдаанд.

Авитал Лебович, як мақоми низомии Исроил гуфт, нерӯҳои махсуси Исроил ба киштии 1200-тоннаии кӯмакҳои башарӣ аз қаиқҳо боло шуда ва дар муддати кӯтоҳе онро гирифтанд.

Вай афзуд, "артиши Исроил хоҳони ҳеҷ гуна рӯёрӯӣ нест. Ин воқеан ба афроду мусофирони киштӣ вобаст аст, ки онҳо воқеан як созмони хайрия ҳастанд, ки ба Ғазза мол меоранд ва ё тавтеа?"

Ин мақоми Исроил ҳамчунин гуфт, нохудои киштӣ тамоми фаъолони тарафдори фаластиниён ва маллоҳонро дар як ҷо ҷамъ овардааст, то аз хушунат ҷилавгирӣ шавад.

Киштии “Рейчел Коррӣ”-и ирландӣ садҳо тонна кӯмакҳои хайрияро ба Навори Ғазза мебурд ва умед дошт, ки муҳосираи иқтисодии Ғаззаро рахна мекунад.

Пештар аз ин Исроил ҳушдор дода буд, ки агар киштии “Рейчел Коррӣ” дар ҷануби ин кишвар лангар наандозад, нерӯҳои Исроил ин корро ба зӯрӣ хоҳанд кард.

Қазияи "Новгони Озодӣ"

Рӯзи душанбе, 31-уми май, як чунин амалиёти нерӯҳои Исроил дар киштиҳои кӯмакҳои башарӣ барои Ғазза ба хушунат печид ва сабаби кушта шудани 9 фаъоли тарафдори фаластиниён шуд.

Сарнишинони корвони киштиҳо бо шиори "Новгони Озодӣ" мехостанд муҳосираи дарёии навории Ғазза аз сӯи Исроилро шикаста, барои мардуми ин минтақа кумаки башарӣ расонанд. Ҳашт нафари кушташудагон шаҳрвандони Туркия буданд.

Ҳамлаи ба корвони киштиҳои ҳомили кумаки башарӣ вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард. Абдулло Гул, раисиҷумҳури Туркия, пас аз ин ҳодиса изҳор кард, ки робитаи кишвараш бо Исроил чун пештара боқӣ нахоҳанд монд.

Шӯрои Амнияти СММ ҳамлаи Исроил ба корвони имдодиро маҳкум кард ва дар ин робита қатъномаеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он коммиссияи мустақил ин қазияро таҳқиқ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG