Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози зиндониёни қазоқ аз муносибат ба онҳо


Чанде аз зиндониёни қазоқ дар вилояти Қарағанда шиками худро чок кардаанд, то ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ эътирозашон аз муносибат ба зиндониёнро баён кунанд. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, ин ҳодиса рӯзи панҷшанбе дар зиндони Долинка, воқеъ дар вилояти Қарағанда, рух додааст. Ба гуфтаи як маъмури зиндон, тамоми маҳбусон ба бемористон интиқол дода шуданд ва вазъи сиҳатиашон мӯътадил аст. Вадим Курамшин, фаъоли ҳуқуқи қазоқистонӣ, ки вазъи зиндони Долинкаро мушоҳида кародааст, мегӯяд, зиндониён аз ҳамин роҳ хостаанд, то аз шеваи муносибат ба зиндониён эътироз кунанд. Хабари ин ҳодисаро модари яке аз зиндониёни маҷрӯҳ ошкор кардааст.
XS
SM
MD
LG