Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Узбакистон номаи занони тоҷикро нагирифт


Имрӯз гурӯҳе аз занон дар шаҳри Душанбе хостанд номаи дастаҷамъонаи худро ба нишонии Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон ба сафоратхонаи ин кишвар дар Душанбе супоранд. Вале сафорат ин номаро қабул накард. Гулҷаҳон Бобосодиқова- яке аз занони фаъол ва раиси созмони иҷтимоии Занони маълумоти олидори Тоҷикистон дар ин бора ба радиои Озодӣ гуфт:

"Барои сулҳ дар минтақаи мо, барои обод кардан ва пойдории сул вабарои дар оянда дӯстии ҷонибҳоро давом диҳем. Фақат барои дӯстӣ, барои барқарор кардани муносибатҳои фарҳангӣ ва шихсие, ки мо доштем. Мо хешу табор ҳастем".

Гурӯҳи занон дар ин муроҷиатнома аз Ислом Каримов хостаанд, ки равобити дӯстонаи миёни ду кишварро барқарор кунад ва дар Узбакистон аз идомаи ҷалавгирии убури вагонҳои ҳомили молу колои Тоҷикистон худдорӣ шавад. Дарт номаи худ занон ҳамчунин хостори қатъи муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон аз сӯи Узбакистон шудаанд. Баъд аз он ки сафорати Узбакистон муроҷиатномаи ин занонро қабул накард, онҳо номаи худро ба сафорати Қазоқистон кишваре, ки ҳоло раҳбарии даврии САҲА -ро бар дӯш дорад, супурданд, то онро ба роҳбарияти Узбакистон расонад.
XS
SM
MD
LG