Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе номи 2 террористи кушташуда эълон шуд


Вазорати дохилаи Тоҷикистон номҳои ду террористи эҳтимолиро, ки дар ҷараёни амалиёти "боздошт" дар дараи Варзоб кушта шуданд, шиносӣ кардааст. Дар ин бора хабаргузории "Авеста" иттилоъ додааст. Онҳо Абдураҳим Умаров ва Абдураҳмон Ваҳҳобов-сокинони ноҳияи Исфара будаанд, ки барои фаъолият дар гурӯҳи тундрави "Ҳаракати Исломии Узбакистон" дар ҷустуҷӯ қарор доштаанд. Амалиёти боздошт шаби 3 ба 4-ӯми июн дар ҷамоати Зидеи ноҳияи Варзоб анҷом гирифт. Аз онҳо 2 тапончаи Макаров, як тапончаи "Валтер", 1000 дона тир, детонатор ва пулҳои афғонӣ ба даст омадааст. Бино ба хабари манбаи мазку, Умаров ва Ваҳҳобов дар урдугоҳҳои террористӣ дар Афғонистону Покистон машқ дидаанд. 2-юми июн кормадони пулис дар посгоҳи наздикии Майхура мошини тамғаи Опел-Вектра"-ро муттаваққиф карданд, ки дар дохили он ронанда ва чанд мусофир нишаста буданд. Корманди УБНОН ё раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба назди мошин омад ва хост мошинро барои маводи мухаддир бозрасӣ кунад. Аз ронанда ва мусофирон хост аз мошин бароянд. Яке аз мусофирон аз тапонча ба корманди пулис оташ кушод ва вайро сахт захмӣ кард. Ду нафар по ба фирор ниҳоданд ва ғайб заданд. Вале дар ҷараёни амалиёт муқовимат нишон доданд ва ҳар ду кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG