Бино ба хабари вазорати хориҷаи Тоҷикистон, қарор аст Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон 9-ӯми июн барои боздиди корӣ вориди Тоҷикистон шавад. Дар ҷараёни ин боздид мулоқоти вай бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст. Раҳбари Эрон дар як ҳамоиши байналмиллалӣ, ки дар чаҳорчӯбаи даҳсолаи байналмиллалии "Об барои ҳаёт" дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат меҷӯяд.