Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтори даҳшатбор дар пойтахти Бангладеш


Оташсӯзии даҳшатборе дар манзилҳои истиқоматии як маҳалли пурсокин дар шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш, беш аз сад кушта бар ҷой гузоштааст.

Миёни онҳо занҳо ва тифлон низ будаанд.Мақомоти Бангладеш мегӯянд, беш аз 100 тани дигар бар асари ин сӯхтор маҷрӯҳ шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти он кишвар, сӯхтор шоми 3-юми июн ғолибан аз инфиҷор дар як пойгоҳи нирӯи барқ шурӯъ шуд. Бино ба хабарҳо, сӯхторнишонҳо фақат баъди 3 соат тавонистаанд, оташсӯзӣ дар яке аз минтақаҳои пуриздиҳоми пойтахти Бангладешро фурӯ нишонанд.

Шоҳидон мегӯянд, дар байни қурбониён меҳмонони як арӯсӣ низ будаанд. Ин арӯсӣ дар боми манзиле мегузашт, ки низ ба коми оташ рафт.
Сӯхторҳо дар ин шаҳри пуродам зуд-зуд рух медодаанд, вале ин сӯхтор яке аз мудҳиштарин дар солҳои ахир будааст. Чандин бино дар минтақаи офат, ки Нимтоли ном доштааст, хароб шудаанд.

Сӯхторнишонҳои Дакка гуфтаанд, ҳафт бино дар маҷмӯъ дар коми оташ мондаанд. Сабаби сареъан паҳн шудани завлонаи оташ ҳам дар он будааст, ки дар ошёнаи аввали яке аз биноҳо дӯкони маводи кимиёвӣ воқеъ будааст.

Зичии аҳолӣ дар шаҳри Дакка яке аз аввалинҳо дар ҷаҳон будааст.
XS
SM
MD
LG