Як ҳизби мухолифи ҳукумати Украина изҳор намуд, ки Додгоҳи маъмурии шаҳри Киев барои баргузории намоиши эътирозӣ алайҳи сиёсати раисиҷумҳур Виктор Янукович иҷоза надодааст. Аз дафтари матбуоти ҳизби “Свобода” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ҳизб мехост фардо, рӯзи 4 июн, дар садумин рӯзи дар курсии сарвари Украина нишастани Виктор Янукович, таҳти унвони “Сад рӯзи шармандагӣ ва хиёнат” дар Киев намоиши эътирозӣ доир намояд. Ва аммо Додгоҳи маъмурии шаҳри Киев бо далели зарурати таъмини амнияти миллӣ ва хело дер ба шаҳрдорӣ расидани дархости ҳизб ба баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ иҷоза надод.
Раҳбарони ҳизби “Озодӣ” тасмими додгоҳро маҳдудсозии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва поймолсозии Қонуни асосии Украина арзёбӣ кардаанд.
Раҳбарони ҳизби “Озодӣ” тасмими додгоҳро маҳдудсозии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва поймолсозии Қонуни асосии Украина арзёбӣ кардаанд.