Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзиши раводиди Амрико боло меравад


Сар аз фардо, 4-уми июн, арзиши баррасии дархост барои шуморе аз раводидҳои ғайримуҳоҷиратии Амрико дар саросари ҷаҳон аз 131 доллари маъмулӣ то ба 140 доллар боло меравад.

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе хабар додааст, ки аз ин ба баъд афроди хоҳишманд, ки ба сафорати Амрико барои гирифтани раводиди сайёҳӣ (B2), сафарҳои кӯтоҳмуддат (B1), донишҷӯӣ (F) ва барномаҳои мубодилавӣ (J1) муроҷиат мекунанд, бояд 140 доллари амрикоӣ пардохт бикунанд. Дар сафорати ИМА дар Тоҷикистон ин маблағро бо сомонӣ низ пардохта метавонед, вале қиммати сомонӣ ба доллар дар ин сафорат аз қиммати сомонӣ ба доллар дар бозор фарқ дорад. Дар рӯзи нашри ин хабар дар торнамои сафорат навишта шуда буд, ки агар бо арзи миллӣ пардохт кардан мехоҳед, пас ин арзиш баробар ба 630 сомонӣ мебошад.

Сафорати Амрико мегӯяд, афзоиши арзиши баррасии дархост барои раводид ба ҳукумати ИМА имконият медиҳад, ки қиммати дар ҳоли афзоиши таҳияи раводидҳои ғайримуҳоҷиратиро ҷуброн намояд ва ҳамчунин марзҳои худро боз ва ҳамзамон бехатар нигоҳ дорад.

Арзишҳои навъҳои дигари раводид низ боло меравад, вале шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафорати Амрико асосан барои раводиди сайёҳӣ, донишҷӯӣ, сафарҳои кӯтоҳмуддат ва барномаҳои мубодилавӣ муроҷиат мекунанд, ки дар қиёс бо навъҳои дигари раводидҳо арзонтар мебошанд.

Аз навгониҳои дигари консулгарии Амрико варақаи нави дархост барои раводид мебошад. Як ҳафта қабл истифода аз варақаи дархостии DS-160 ҳатмӣ гардид ва ин варақа низ ба мисли варақаҳои қаблӣ бояд он-лайн пур шавад.
XS
SM
MD
LG