Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бортников: "Террористҳо маводи ҳастаӣ меҷӯянд"


Александр Бортников, раҳбари ФСБ, Хадамоти федеролии амнияти Русия, гуфт, гурӯҳҳои террористӣ дар саросари Шӯравии собиқ маводи ҳастаӣ меҷӯянд. Бортников, ки дар пайи нишасти сарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои ҳамсӯд дар Екатеринбург сӯҳбат мекард, аз ироаи ҷузъиёт роҷеъ ба мавориди мушаххас ва гурӯҳҳои мушаххаси ҷӯяндаи маводи ҳастаӣ худдорӣ кард. Аммо ӯ гуфт, ки гурӯҳҳои террористӣ дар гузашта ҳам барои дарёфти таслиҳоти биологиву кимиёӣ аз кишварҳои шӯравии собиқ талош карда буданд.
XS
SM
MD
LG