Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон ва хатари истирдодаш ба Ӯзбакистон


Бино ба иттилои Бунгоҳи дифоъ аз ҳуқуқи инсон мавсуф ба «Мемориал», шаҳрванди Тоҷикистон Умаралӣ Абдураҳмонов, ки аз соли 2004 ба ин тараф дар пайгарди ниҳодҳои интизомии Ӯзбакистон қарор дошт, дар қисмати ҷанубии Қазоқистон аз ҷониби ниҳодҳои интизомии он боздошт шуд.

Ин иттилоъро ҳамдиёри Умаралӣ, ки аз зикри номаш худдорӣ намуд, низ таъйид кард ва гуфт, ин воқеа рӯзи 22-юми май сурат гирифтааст ва феълан Умаралӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар ноҳияи Марқаи вилояти Ҷамбул нигоҳдорӣ мешавад.

Узбакистон ҷустуҷӯ дорад

Виталий Пономарёв, сарвари «Мемориал», дар номааш унвонии намоядагии муассисаи олии паноҳандагони Созмони милал воқеъ дар Қазоқистон, зикр кардааст, ки бар пояи иттилои онҳо Умаралӣ Абдураҳмонов тибқи парвандаи ҷиноие, ки баъди инфиҷор дар Тошканд дар моҳи марти соли 2004 боз гардида буд, бо панҷ шаҳрванди дигар ба феҳристи пайгарди ниҳодҳои интизомии Ӯзбакистон дохил шудааст. Ҳамчунин, бар асоси ин парванда, ки оқои Пономарёв ҷаълиаш мехонад, мақомоти интизомӣ 33 сокини шаҳри Алмалиқро, ки ба таври ғайрирасмӣ ба омӯзиши ислом машғул буданд, ба муддатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.

Аслан, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, Умаралӣ ва дигар ҳамдеҳагонаш баъди пошхӯрии Шӯравӣ чун дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон зиндагӣ мекарданд, бархе аз онон, аз ҷумла Умаралӣ дар Тоҷикистон монданд ва баъдтар ба Ӯзбакистон гузаштанд ва Умаралӣ дархости шаҳрвандии ин кишварро кард. Умаралӣ, тавре ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, фаризаҳои исломиро ба ҷо меовард ва намоз хонда, рӯза медошт, риш монда буд ва барои ин амалҳояш ниҳоди амниятии Ӯзбакистон ӯро ба феҳристи вижаи хеш шомил кард.

Дере нагузашта баъди инфиҷорҳо дар Тошканд, ду бародари Умаралиро ҳангоми ҷанозаи яке аз хешовандонашон кормандони ниҳодҳои интизомӣ боздошт мекунанд ва чун ҳама кӯшиши вакилони мудофеъ ва наздикони онҳо барои раҳо кардани боздоштшудагон натиҷае намедиҳад, падару модари Умаралӣ ба ӯ тавсия медиҳанд, ки барои парҳез аз ҳар гуна тӯҳмати ногаҳонӣ муддате ба Тоҷикистон биравад.

Тоҷикистон озод кард

Баъдан, Узбакистон барои боздошт ва истирдоди Умаралӣ ба Тоҷикистон муроҷиат мекунад. Ҷониби Тоҷикистон баъди ду моҳи баррасии ин қазия чун Ӯзбакистон даъвоҳои хешро дар мавриди иттиҳомот алайҳи Абдураҳмонов собит карда наметавонад, ӯро озод мекунад. Умаралӣ баъди ин воқиа чун ағлаби муҳоҷирон барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ ба Русия меравад ва дар он ҷо, бино ба иттилои бунёди «Мемориал», чанд дафъа барои пайдо кардани мақоми паноҳандагӣ ба муассисаи паноҳандагони СММ муроҷиат мекунад, вале аризаи ӯ аз ҷониби ин муассиса пазируфта ва сабти ном нашудааст.

Қазоқистон боздошт намуд

Аз ин хотир, Умаралӣ баъди омадан ба Тоҷикистон ва дидорбинӣ бо пайвандонаш тасмим мегирад, ки вақти бозгашт дар Қазоқистон бори дигар ба муассисаи паноҳандагон муроҷиат бикунад. Вале ҳангоми вуруд ба ин кишвар ӯро боздошт мекунанд ва алъон ба ӯ хатари истирдод ба Ӯзбакистон таҳдид мекунад.

Вале, тавре ҳамсӯҳбати мо таъкид мекунад, агар ҷониби Қазоқистон Умаралиро ба Ӯзбакистон диҳад, ӯро дар он ҷо шиканҷа интизор хоҳад буд.

Тавре дар номаи «Мемориал» омадааст, ба Тоҷикистон истирдод кардани Умаралӣ Абдураҳмонов низ бехатар нахоҳад буд ва шояд вай дар ин ҷо низ ба шиканҷа мувоҷеҳ гардад.

Номаи Созмони милал ба ҳукумати Қазоқистон


Собир Аъзам, сарвари муассисаи паноҳандагони СММ дар Қазоқистон, мегӯяд, онҳо чун бо Умаралӣ Абдураҳмонов мулоқот карда натавонистанд, аз ҷузъиёти зиндагии ӯ иттилоъ надоранд. Аз сӯи дигар, оқои Аъзам таъкид мекунад, дар мавриди он ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ба дафтари созмони онҳо дар Маскав муроҷиат кардааст, шак дорад.

Аммо, мегӯяд ӯ, бо дастрас кардани иттилоъ дар мавриди Абдураҳмонов як нома ба давлати Қазоқистон навиштаанд ва аз ҳоли нафари боздоштшуда хабар додаанд. Нусхаи ин номаро ба тамоми ниҳодҳои муҳими давлатӣ фиристодаанд ва тақозо кардаанд, ки ҳуқуқи башарии ҷаноби Абдураҳмонов муроот шавад.

Оқои Аъзам гуфт, бо ҷониби Қазоқистон дар ин маврид мулоқот хоҳанд кард ва изҳори умед кард, ки дар ин мулоқот пешрафтҳое ба даст ояд, чун, ба гуфтаи ӯ, Қазоқистон дар мавриди ҳалли масоили паноҳандагон ва дигар мавзӯъҳо бархурдҳои хуб доштааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG