Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдӯғон ҳамлаи Исроилро "куштори хунин" хонд


Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия, юриши Исроил ба киштии кӯмакҳои имдодии Туркия барои Навори Ғаззаро “куштори хунин” хонд. Дар юриши нерӯҳои махсуси Исроил ба киштиҳое, ки бо кӯмакҳои башарӣ озими Навори Ғазза буданд, 9 нафар ҳалок шуд. Нахуствазири Туркия, ҳангоми нишасти изтирории ҳукумат гуфт, юриши Исроил ба корвони кӯмакҳои башарӣ, “сазовори ҳаргуна нафрин” аст. Айни замон Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал имрӯз бо баргузории нишасти фавқуллодае, хостори таҳқиқи байналмилалии амалкардҳои Исроил хоҳад шуд. Пештар аз ин Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо маҳкум кардани юриши Исроил ба киштиҳои кӯмакҳои башарӣ ба таҳқиқи бетарафона ва шаффофи қазия даъват кард.
XS
SM
MD
LG