Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҳамлаи Исроилро маҳкум кард


Ҳамлаи нерӯҳои Исроил ба корвони борҳои башардӯстона норизоии мардуми кишварҳои исломиро ба бор овардааст
Ҳамлаи нерӯҳои Исроил ба корвони борҳои башардӯстона норизоии мардуми кишварҳои исломиро ба бор овардааст

Ҳукумати Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ, ҳамлаи нерўҳои баҳрии Исроил ба корвони киштиҳои имдодии «Freedom Flotilia», ки рӯзи 31 май дар обҳои байналмилалӣ рўй дод, маҳкум кард.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ки рӯзи 1 июн дар вебсайти вазорат нашр шуд, омадааст, ҳамла бар зидди киштиҳои ёрии башардўстона барои навори Ғазза, хилофи аҳкоми ҳуқуқи байналмилалӣ аст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни ибрози нигаронӣ гуфтааст, бовар дорад, ки ин амалкард, ки дар натиҷаи он беш аз даҳ нафар ба ҳалокат расиданд ва даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, мавриди санҷиши амиқу воқеъбинонаи Шўрои Амният ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор хоҳад гирифт.

Ҳамлаи Исроилро имрӯз ҳамчунин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ маҳкум намуд.

Вокуниши Шӯрои амнияти СММ

Аксари аъзои Шӯрои амнияти Созмони милал дар нишасти изтирории худ ҳамлаи Исроил ба корвони ёриҳои башардӯстона ба Фаластинро маҳкум карданд. Сарвазири Исроил дар пайи ҳодисаи ҳамла сафари худ ба Вашингтонро лағв кард.

Кӯшиши интиқоли бори башардӯстона ба Навори Ғазза, ки дар муҳосира қарор дорад, бо марги ҳадди ақал даҳ фаъоли ҳуқуқи башар анҷом шуд.

Субҳи рӯзи 31-уми май мақомоти низомии Исроил ба корвони иборат аз шаш киштӣ амр кард, ки манъ шаванд ва аз ҷой наҷумбанд. Командоси Исроил аз чархболҳо вориди киштиҳо шуд ва ба сафари корвон ба Ғазза, ки аз Қибрис шурӯъ шуда буд, хотима дод.

Ҷаласаи изтирории Шӯрои амният

Ба гузориши хабаргузории Рейтер, дар Шӯрои амният ин мавзӯъро пушти дарҳои баста баҳс карда, ва бештари аъзои Шӯрои амният хостори таҳқиқи ин ҳамла шудаанд. Гузоришҳо ҳокиянд, ки бештари аъзои Шӯрои амният ҳамчунин хостори рафъи таҳримҳо ва муҳосираи Ғазза шудаанд.

Аҳмад Довудоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия, ҳамлаи Исроил ба киштиҳоро бо лаҳни шадид танқид кард ва дар нишасти Шӯрои амният ин амалиётро баробар ба «роҳзанӣ ва дуздии дарёӣ» донист ва гуфт, «ин кушторест, ки аз сӯйи як давлат сурат гирифтааст».

Иёлоти Муттаҳида, аз муттаҳидони Исроил дар Шӯрои амният, бо эҳтиёт мавзеъгирӣ кард. Муовини сафири ИМА дар СММ гуфт, кишвараш аз кушта шудани афрод дар ин ҳодиса «амиқан мутаассиф аст». Вай хостори таҳқиқи мӯътабар ва шаффофи Исроил дар ин замина шуд. Намояндаи Амрико ҳамчунин аз созмондиҳандагони ин тарҳи кӯмак низ интиқод кард ва гуфт, дар шароити феълӣ ҳар гуна тасмими ироаи ёриҳо тавассути роҳи обӣ муассир нест.

Гуфтугӯи телефонии Обама бо Нетаняҳу

Раисҷумҳури Амрико Барак Обама дар як тамоси телефонӣ бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дарёфти фактҳои ҳаддалмумкин бештари марбут ба амалиёти пурқурбонии дирӯза болои корвони киштиҳои ҳомили кӯмак ба сарзаминҳои фаластинии навори Ғазаро муҳим хонд.

Нетаняҳу дар пайи ин ҳодиса сафараш ба Вошингтонро лағв кард.

Вазорати хориҷаи Амрико низ аз марги фоҷиавии афрод дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои вижаи Исроил изҳори таассуфи амиқ кард ва хостори таҳқиқи фарогири қазия аз сӯи Исроил шуд.

Шарҳҳои зиддунақизи қазия

Ҳар ду ҷониб ҳам дар бораи ҳуҷум ва ҷангҳо хабарҳои мухталиф пахш мекунанд. Созмондиҳандаи аслии корвон, ҷунбиши “Ғаззаи Озод", гуфт, командос аз ҳамон лаҳзае, ки пояш ба замини киштӣ расид, ба тирпарронӣ шурӯъ кард ва асосан мардуми мулкии дар ҳоли хобро ҳадаф қарор дод.

Аммо сухангӯи низомии Исроил Авитал Лейбович ҳодисаро шарҳ дода, гуфт, "мутаассифона, мусофирони киштиҳо алайҳи аскарони мо аз хушунати шадид кор гирифтанд. Онҳо умуман ба аскарони мо зулм карданд ва ин амали тарҳрезишуда буд."

Мақомоти Исроил иддао кардаанд, ки аҳли киштӣ сарбозони онҳоро бо тиру туфанг ва корду табар истиқбол кардаанд ва аскарон танҳо дар ҷавоб оташ кушодаанд.

Онҳо гуфтанд, дар ин ҳодиса 10 нафар кушта ва теъдоди номуаян захмӣ шудааст. Баъзе низомиёни исроилӣ низ захм бардоштанд. Корманди хайрияи туркӣ дар корвони ҳомили маводи башардӯстона гуфт, аксари кушташудаҳо туркҳо буданд.

Эътирози Анқара

Ба назар мерасад, ин ҳодиса ба баҳси дипломатии ду шарики солҳо ба ҳам дӯст - Туркия ва Исроил печидааст. Анқара зимни эътироз ба ҳуҷуми Исроил ҳодисаро ғайриқобили қабул ва пайомади онро “ҷуброннашаванда” унвон кард. Вазорати корҳои хориҷии Туркия сафири Исроил Габбӣ Левиро эҳзор кард, то пайғомро ба мақомоти кишвараш расонад.

Салим Енел, ёвари вазири хориҷии Туркия, дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин ҳодиса дар обҳои байнулмилалӣ рух дод ва ин нақси бузурги қавонини байнулмилалист. Мо сафири Исроилро эҳзор кардем ва ба ӯ гуфтем, ки ин нақзи ҷиддии қонунҳои байнулмилалист, зеро ин корвон маводи хайрия мебурд. Ин танҳо як ибтикори сулҳҷӯёна буд ва ин гуна амал комилан қобили қабул нест."

Ноиби нахуствазири Туркия Булент Аринс бо мақомоти амниятии кишвараш, бо шумули вазири корҳои дохилӣ ва фармондеҳи нерӯҳои дарёӣ ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард. Ба думболи тазоҳуротҳои хашмолуд дар Туркия мақомоти ин кишвар тадобири амниятиро дар сафорати Исроил афзоиш доданд.

Исроил: “Тарҳрези ҳодиса “ал-Қоида аст”

Дар ҳамин ҳол, ноиби вазири корҳои хориҷии Исроил Деннӣ Айолон дар нишасти матбуотӣ дар робита ба ҳодиса мавқеи шадид нишон дод ва онро дасисаи тарҳрезишуда унвон кард.

Ӯ гуфт, тарҳрезони ҳодиса бо ҷиҳоди байнулмилалӣ ва ал-Қоида робита доранд. Айолон муҳосираи чаҳорсолаи Ғаззаро амали қонунӣ хонд. Зеро, гуфт ӯ, “гурӯҳи ҳокими Ҳамос террорист аст”.

Дар навбати худ, гурӯҳи Ҳамос амали Исроилро маҳкум ва онро ҷиноят унвон кард.

Вокуниши Эрон ва Ғарб

Раисиҷумҳури Эрон Аҳмадинажод низ ҳуҷуми Исроилро ҳамчун амалкарди ғайриинсонӣ маҳкум кард ва афзуд, ки он поёни давлати Исроилро наздик хоҳад кард.

Дар ҳоле, ки Фаронса ва Олмон низ аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ карданд, Нави Пилай, раиси бахши СММ дар умури ҳуқуқи инсон, гуфт, ки аз ин хушунат шадидан такон хурдааст. Катерин Аштон, раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо аз Исроил талаб кард, ки ин ҳодисаро пурра таҳқиқ кунад.

Ҳодисаи ҳуҷуми Исроил ба корвони ҳомили маводи хайрия ба муҳтоҷони Фаластин дар остонаи мулоқоти раисҷумҳури Амрико Барак Обама бо нахуствазири Исроил Бинямин Нетаняҳу ба вуқӯъ пайваст.
XS
SM
MD
LG