Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари САҲА роҷеъ ба интихоботи шаҳрдории Тифлис


САҲА-муҳимтарин ниҳоди байналмиллалии нозир бар интихобот дар интихоботи шаҳрдории пойтахти Гурҷистон гуфтааст, дар райдиҳии рӯзи якшанбе "норасоиҳои муҳим" ҷой дроштааст. Бо вуҷуди ин чунин ба назар мерасад, ки ҳизби ҳокими Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон дар интихоботи шаҳрдории Тифлис пирӯзии чашмгир ба даст орад. Чунин пирӯзӣ метавонад гувоҳи ҳимояти тӯдаҳо аз Саакашвилӣ бошад. Коммиссияи Марказии Интихоботӣ мегӯяд, Гигӣ Угулава-муттаҳиди Саакашвилӣ тақрибан 54 дарсад рай ба даст овардааст ва аз рақиби наздиктарини худ 20 дарсад пешӣ гирифтааст. Дар интихоботи сартосарӣ ҳизби Саакашвилӣ 70 дарсад рай ба даст оварда буд. Аммо нозирони САҲА гуфта буданд, ки дар интихобот тақаллуб низ мушоҳида шудааст. дар интихоботи кунунии пойтахти Тифлис САҲА дар эъломияе гуфтааст, интихобот "шаффоф" будааст ва дар риояти муқаррароти байналмиллилӣ пешрафт ба даст омадааст.
XS
SM
MD
LG