Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯ: "Путинро нодуруст фаҳмидаанд"


Дмитрий Песков, сухангӯи сарвазири Русия Владимир Путин ба радиои “Эхо Москви” гуфтааст, суханони қаблии Путин дар як нишасти хайрия дар Санкт-Петербургро набояд ба маънои ироаи иҷозаи расмӣ ба раҳпаймоии имрӯзаи мухолифин дар ин шаҳр фаҳмид. Песков гуфт, ироаи чунин иҷоза дар ихтиёри Путин нест, балки дар салоҳияти мақомоти маҳаллист. Путин дар посух ба суоли овозхони маъруф Юрий Шевчук аз гурӯҳи “ДДТ” гуфт, мақомот набояд дар роҳи озодии баён шароити таҳаммулнопазир эҷод кунанд. Ин суханони Путин дар маҳофил ҳамчун иҷозаи давлат ба раҳпаймоии норозиён аз ҳукумати кунунӣ дар Петербург талаққӣ шуд.
XS
SM
MD
LG