Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз Рӯзи қолин дар Туркманистон


Дирӯз дар Туркманистон аз Рӯзи қолин таҷлил карданд. Ин ид ба шарафи қолинбофист, ки як суннати бой ва таърихии мардуми туркман эътироф шудааст. Имсол дар Рӯзи қолин як анҷумани “ҷаҳонӣ”-и қолинбофӣ низ доир карданд, ки дар он Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон низ ширкат варзид. Ӯ қолинро рӯҳи мардуми туркман хонд ва гуфт, аз инҷост ки қолин ҳам дар парчам ва ҳам дар нишони давлатии Туркманистон мунъакис шудааст.
Рӯзи қолин дар Туркманистон аз соли 1992 ба ин тараф ҳар якшанбеи охири моҳи май ҷашн гирифта мешавад.
XS
SM
MD
LG