Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сотсиал-демократҳо эътилофи ҳукмронро тарк мекунанд


Ҳизби сотсиал-демократии Ҷопон эълом дошт, ки эътилофи ҳукмронро тарк мекунад. Ба иттилоъи расонаҳои ҷопонӣ, сотсиал-демократҳо дар ин бора баъд аз барканории сарварашон Мизухо Фукусимо аз мақоми вазирӣ тасмим гирифтанд. Фукусимо бо мавқеъи сарвазир Юкио Хитояма дар робита ба ҳузури пойгоҳи низомии Амрио дар ҷазираи Окинава розӣ нест. Чанде пеш раиси ҳукумат аз иҷрои ваъдаи пешазинтихоботияш барои ихроҷи ин пойгоҳ аз ҷазира сарпечӣ кард.
Эътилофи ҳукмронро тарк намудани сотсиал-демократҳо метавонад мавқеъи ҷонибдорони сарвазир Хитоямаро қабл аз интихобот ба палатаи болоии парлумон ба мушкил мувоҷеҳ кунад. Интихобот ба палатаи болои парлумон моҳи июл баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG