Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" ба як волусволии Нуристон ҳамла карданд


Аз вилояти Нуристон, воқеъ дар шарқи Афғонистон, дар бораи аз сӯи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” ишғол шудани бархе аз биноҳои маъмурии волумволии Барги Матал хабар расид. Волии Нуристон Ҷамолиддин Бадр гуфт, ки ҳамла ба ин минтақа рӯзи ҷумъа сурат гирифта буд ва кормандони хадамоти амниятӣ бо афроди мусаллаҳ вориди даргирӣ шудаанд ва талош доранд то аз талафот миёни мардуми осоишта ҷилавгирӣ шавад.
Ҳам толибон ва ҳам нерӯҳои ҳукуматӣ дар бораи теъдоди зиёди кушташудагону маҷрӯҳон дар задухӯрдҳо изҳорот пахш кардаанд ва аммо теъдоди қурбониёни ин ҳамла то ҳол маърум нест.
XS
SM
MD
LG