Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбакистон ба НАТО фишор меорад?


Дар як вохурӣ ду ҳафта қабл ба Кеннет Гросс, сафири ИМА дар Тоҷикистон гуфтам, ки дар Ӯзбакистон вагонҳои НАТО низ банд мондаанд. Эшон дар ҳайрат афтода, ин хабарро такзиб кард.

Аммо ин иттилои ман набуд. Расо ду моҳ пеш 27 марти соли равон дар як нишасти Паймони амнияти дастаҷамъӣ ё ОДКБ Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикистон гуфт, ки дар қатори вагонҳои Тоҷикистон вагонҳои НАТО ҳам банд мондаанд ва ин мушкили на сиёсӣ, балки фаннист: роҳи оҳани Ӯзбакистон зарфияти таъмини убуру мурури вагонҳои зиёдро надорад. То ба ҳол посухи дӯстдоштаи дипломатии Ӯзбакистон ба ин қазия ҳам ин аст. Дар навбати худ, сухангӯи ISAF - нерӯҳои кӯмак ва таъмини амнияти НАТО дар Афғонистон ин вазъро натиҷаи “танишҳои давомдори сиёсӣ дар минтақа” унвон кард. Яъне чӣ?

«Бозӣ» ё «ҷанги эълоннашуда»

Агар боздошти вагонҳои Тоҷикистонро Ӯзбакистон ҳамчун фишори иқтисодӣ ба Тоҷикистон истифода мекунад, пас боздошти вагонҳои НАТО ҳам як навъ гарди сиёсии Тошканд ва дақиқан, ҳамроҳ кардани Амрикову Аврупо ба «бозӣ» ё «ҷанги эълоннашуда» алайҳи Тоҷикистон аст. Шояд дар Тошканд ба ин инанд, ки он чӣ тариқи роҳи оҳан аз Қӯрғонтеппа ба Афғонистон интиқол меёбад, аз қабили маводи сӯхт ва сохтмон, аз марзи Тоҷикистон дуртар наравад ва тоҷирон акнун таҳти ливои НАТО тиҷорат кунанд. Ин фақат ҳадс буда метавонад. Аммо ин ки акнун Амрикову Аврупо маҷбур ҳастанд дар «бозӣ» аз ҷониби Тошканд ширкат кунанд, ҳадсу гумон нест, балки ба воқеият табдил меёбад.

Вазъи нерӯҳои Амрикову НАТО дар Афғонистон рӯз ба рӯз ногувор мешавад ва расонидани кӯмак ба эшон ногувортар. Роҳҳои Покистон хатарноканд. Роҳи Эрон баста аст. Аз Ӯзбакистон ягона роҳи оҳан мегузарад, ки то Афғонистон мерасад. Тошканд шояд гумон кунад, ки Амрикову НАТО маҷбур мешаванд бо Ӯзбакистон созиш ва дар баҳсҳои минтақа рӯи обу нерӯгоҳҳо аз Тошканд ҷонибдорӣ кунанд, агар мустақим ҳам накунанд, ғайримустақим мекунанд. Аммо Ӯзбакистон оё он ҷуръат ва қудратеро дорад, ки ба Амрикову НАТО фишор орад?

Каримов аз Маскав чӣ овард?

Ислом Каримов баъд аз ҳаводиси Қирғизистон, айнан он замоне, ки вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар банд монда буданд, ба Маскав рафта буд. Дар изҳороти Валадимир Жириновский, маъруф ба «сухангӯи аслии Кремл» ҳам зикри Ӯзбакистон нарафт. Пас мантиқӣ мебуд хулоса кунем, ки эҷоди мушкил ба Амрикову НАТО дар Осиёи Марказӣ ва мусоидат ба Толибон решаҳои амиқтар дорад. Каримов худро аз «таҳдиди қирғизӣ» - и Кремл эмин медорад, дар ҳалли баҳсҳои минтақа нақши калидӣ пайдо мекунад ва Русия ҳам дар заъиф кардани рақибони сиёсиву низомиаш – Амрикову НАТО муваффақ мешавад.

Ин вазъ боз муомилаи навбатиро пеш меорад, ки бояд миёни қудратҳои фавқуззикр дар минтақа ба миён ояд, яъне маълум кардани ҳудуди тавсиаи низомиву сиёсии Амрикову НАТО дар Осиёи Марказӣ. Дар Кремл инро хуб мефаҳманд, ки аз ин вазъ Ӯзбакистон низ нафъ мебардорад ва ин нафъ – ба зону шинондани Тоҷикистон - аз аҳдофи Кремл низ ҳаст. Вагарна вагонҳои Тоҷикистону НАТО аз қаламрави шарики боэътимодтари Русия – Қазоқистон ва худи Русия низ мегузаранд.

Чиро метавонем интизор бошем?

Чунин шароит барои Русия баъд аз сари қудрат омадани шахси рӯ ба Маскав дар Украина ва ҳаводиси Қирғизистон фароҳам омадааст, ки бо истифода аз аҳроми фишор сари ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ қоидаҳои худро таҳмил мекунад. Ҳатто қазияи фалаҷи кӯдакро Маскав барои манъи вуруди меваи хушки Тоҷикистон истифода кард, дар ҳоле ки ин маризӣ дар ғарби кишвар - Шаҳритусу Регар, навоҳии ҳаммарз бо Ӯзбакистон пайдо шуда, саросарӣ нашудааст ва воҳимааш танҳо дар гузоришҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва расонаҳои ҳангомаҷӯи таҳти таъсири Кремл аст. Барои Маскав хуб маълум аст, ки беш аз 90 дарсади меваи хушки Тоҷикистон аз шимол, вилояти Суғд меравад.

Аммо “танишҳои давомдори сиёсӣ дар минтақа” унвон кардани қазияи боздошти вагонҳо оё фақат ишора ба мухолифатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон аст ва ё мухолифати қудратҳо – Русия, аз як сӯ ва Амрикову НАТО –ро низ дар зимн дорад? Посухи инро касе нагуфт. Аммо дар ҳарду ҷониб хуб медонанд, ки «ё ҳарду». Вагонҳо то ҳаводиси Қирғизистон, аз тобистони соли гузашта бесабаб боздошт мешуданд!

Вагарна Тошканд ҳеҷ гоҳ барои манъи вагонҳои НАТО «гурда» намекард. Мунтазири посухи ҷониби ҷабрдида, Амрикову НАТО мешавем, на Тоҷикистон, ки дигар коре аз дасташ намеояд, ба ҷуз илтимос аз кишварҳои дигар, то «дил санги» Тошканду Маскав нарм шавад.
XS
SM
MD
LG