Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти пешини Украина Леонид Кучмаро, ки ҳамчун шахси одӣ ба Тоҷикистон сафар кардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот равобити байни ду кишвар ва роҳҳои густариши он баррасӣ шудаанд. Кучма "падари маънавӣ"-и президенти феълии Украина Виктор Янукович ба шумор меравад, аммо авҷи муносибатҳои Тоҷикистон ва Украина дар давраи ҳокимияти президент Виктор Юшенко ба вуқӯъ пайваста буд.