Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии ду гумонбар зери фишори мардум дар Ҷалолобод


Мақомоти вилояти Ҷалолобод зери фишори мардум ду гумонбари ташкили бенизомиҳои ахир дар шаҳрро раҳо карданд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, имрӯз даҳҳо нафар вориди дафтари кори волӣ Бектур Ҳасанов шуданд ва ӯро маҷбур сохтанд, ки ҳамроҳашон ба додситонии вилоят равад. Дар натиҷа ду муовини волии собиқ Кошбой Масиров, ки дар ташкили нооромиҳо дар шаҳр гумонбар мешуданд, маҳбасро тарк намуданд ва аммо амр гирифтанд, ки аз Ҷалолобод берун нараванд.
XS
SM
MD
LG