Мақомоти беҳдоштии Маскав мегӯянд, 152 тифлеро, ки аз 29 апрел то 25 май аз Тоҷикистон ба пойтахти Русия омадаанд, бо гумони гирифторӣ ба бемории сироятии полиомелит, ё худ фалаҷи кӯдак, боздошт кардаанд. Андрей Селтсовский, мудири идораи беҳдошти Маскав гуфт, то имрӯз дар бадани танҳо ду тифли аз Тоҷикистон омада ангезандаи полиомелитро ташхис карда ва як кӯдаки чорсолаи маризро ҳамроҳ бо модараш ҳанӯз рӯзи 4 май ба Душанбе пас фиристодаанд.
Ӯ афзуд, ки феълан 7 хонавода таҳти муоинаи табибон боқӣ мемонанд. Мақомоти Русия ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши полиомелит ҳар кӯдаки зери синни 5-соларо, ки аз Тоҷикистон меояд, барои ташхис ба бемористон мефиристанд.
Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон то имрӯз дар бораи 437 мавриди гирифторӣ ба фалаҷи кунд ва 129 мавриди шабеҳи вируси полиомелит хабар додаанд.