Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба хориҷ нирӯи барқ низ мефурӯшад


Тоҷикистон тайи 3 моҳи аввали соли ҷорӣ ба хориҷ 82 миллион киловатт-соат нирӯи барқ фурӯхта, аз ин ҳисоб 1,6 миллион доллар ба даст овардааст. Воридоти нирӯи барқ дар ин муддат, бино ба иттилоъи Ожонси омори Тоҷикистон, 140 миллион киловатт-соатро ташкил дода, барои Душанбе ба қимати 5,3 миллион доллар тамом шудааст.
Воридоти гази табиӣ дар 3 моҳи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 39 дарсад коҳиш ёфта, ба ҳудуди 63 миллион метри мукааб баробар шудааст.
XS
SM
MD
LG