Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бестселлерҳои дунё ба тоҷикӣ ҳам дастрас мешаванд


Созмони ғайридавлатии “Истиқбол”, ки аз сӯи сафорати Бритониё таъмини молӣ мешавад, машғули тарҷума ва нашри “Саҳифаҳои ишқ”, романи адиби маъруфи Фаронса Эмил Золя ба забони тоҷикӣ шудааст. Ин кор дар чаҳорчӯби тарҳи марбут ба силсилаи “Хонданитарин китобҳои дунё” амалӣ шуда, масъулияти тарҷумаи “Саҳифаи ишқ”-ро адиби тоҷик Юсуфҷон Аҳмадзода бар ӯҳда доштааст. Қаблан дар чаҳорчӯби ин барнома достони ишқии адиби шӯҳратёри англис Шарлотта Бронте “Ҷейн Эйр” ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр шуда буд.
Латофат Кенҷаева, мудири созмони “Истиқбол” ба хабаргузории расмии “Ховар” гуфтааст, ки онҳо тайи 5 сол тарҷума ва нашри 10 бестселлери ҷаҳониро дар назар доранд.
XS
SM
MD
LG