Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони вазъи фавқулода дар Ямайка


Ҳукумати Ямайка дар пойтахти ин кишвар Кингстон вазъи фавқулода эълон кард. Ин эълон пас аз ҳамлаи мусаллаҳона ба дафтарҳои полис дар ду ноҳияи шаҳр садо дод. Гуфта мешавад, ҳамла аз тарафи зердастони сардори як мафияи қочоқи маводи мухаддир ба амал омад, ки қарор аст, ба Амрико истирдод шавад. Ҳафтаи гузашта сарвазири Ямайка Брюс Голдинг эълон кард, ки раванди истирдоди Кристофер Дудур Кукро шурӯъ мекунад, ки Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, ӯро дар робита бо қочоқи кокаин ва зӯроварии мусаллаҳон муҳокима кунад.
XS
SM
MD
LG