Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Амрико яккасолор нахоҳад буд


Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, эълон кард, ки кишвараш наметавонад дар арсаи байналмиллалӣ яккасолорӣ ё танҳо фаъолият кунад ва ӯ хостори ҳамкориҳои бештари байналмилалист.

Обама ин суханонро дар маросими хатми донишҷӯёни омӯзишгоҳи низомии Вест Роинт изҳор дошт. Қарор аст, ҳафтаи оянда Барак Обама стратегияи амниятии Амрикоро эълон кунад. Аз ҳар раисҷумҳури Амрико дархост мешавад, ки стратегияи амниятии худро эълон кунад ва акнун чунин ба назар мерасад, ки стратегияи Барак Обама аз стратегияи Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури пешин, ки дар соли 2002 эълон карда буд, фарқ хоҳад дошт. Буш стратегияи густардаи якҷонибаи худро ба истилоҳи худаш "интернатсионализми густардаи Амрико" арзёбӣ карда буд.

Дар муқоиса бо стратегияи Ҷорҷ Буш, Барак Обама хостори раҳбарии муштарак дар ҷаҳон шуд:
"Бори ин қарн наметавонад танҳо бар дӯши мо, бар дӯши сарбозони мо бошад. Душманони мо мехоҳанд нируҳои моро ба ҳар тараф бикашанд ва Амрикоро маҳрум аз қудрат бубинанд".

Обама аз фаъолияти нируҳои Амрико дар Ироқ ситоиш кард ва гуфт, мехоҳад фаъолияти низомии кишварашро дар тобистони соли ҷорӣ дар Ироқ хотима диҳад. Аммо Обама идомаи ҳузури нируҳои Амрико дар Афғонистонро ба он вобаста медонад, ки тундравҳо ба шаҳрҳо ва ба шаҳрвандони Амрико ҳамла мекунанд ва ҷангҳо танҳо барои он идома меёбад, ки сӯиқасдҳо то ба имрӯз идома доранд. Вай ёдовар шуд, ки дар сурати ҳамоҳангии бештари миёни кишварҳо дар Афғонистон муваффақияти бештар ба даст хоҳад омад.

Обама ҳамчунин дар бораи мусулмонон сухан ронд. Вай нақши мусулмонон ва саҳми онҳоро дар ҷомеаи Амрико ситоиш кард ва аз онҳо даъват кард, ки дар сафи нируҳои мусаллаҳ хидмат кунанд:
"Тундравҳо ҷанги миёни Амрико ва Исломро мехоҳанд. Вале мусулмонон бахше аз зиндагии кишвари мо мебошанд, аз ҷумла ононе, ки дар сафи артиши Амрико хидмат мекунанд".
XS
SM
MD
LG