Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон тарҳи сарқонуни навро муаррифӣ кард


Ҳукумати муваққати Қирғизистон пешнависи қонуни нави асосии кишварро ба нашр расонд. Дар он Қирғизистон як давлати дунявӣ унвон шуда, танҳо ба як давраи президентӣ иҷоза дода мешавад. Мӯҳлати пешниҳодии давраи раёсатҷумҳурӣ аз 6 сол иборат аст. Президент салоҳиятҳои маҳдуд дошта, қудрати асосӣ дар дасти сарвазир хоҳад буд.Ин тарҳ ҳамчунин таъсиси як Кумитаи 75-нафарии қонуни асосиро аз ҳисоби созмонҳои ғайридавлатӣ пешбинӣ мекунад. Қонуни нави асосии Қирғизистон инчуни мақоми феълии забони русиро ҳамчун дувумин забони расмии ин кишвар ҳифз кардааст. Рефрендуми қабули қонуни асосӣ дар Қирғизистон 27-уми июн баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG