Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар барномаи кӯмакҳои Амрико


Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида барномаи мубориза бо гуруснагӣ ва кӯмак ба рушди кишоварзӣ дар кишварҳои бенаворо ба тасвиб расонд, ки Тоҷикистон низ дар як саф бо 19 кишвари дигари ҷаҳон ба феҳрасти кӯмакгирандагон шомил гаштааст. Қарор аст, барои иҷрои ин барнома ҳукумати президент Барак Обама дар се соли оянда 3,5 миллиард доллар ба харҷ диҳад. Сармояи умумии барнома бо ширкати ҳампаймонҳои Амрико ва донорҳо бояд 18,5 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Ба феҳрати мӯҳтоҷони кӯмак 12 давлати африқоӣ, 4 кишвари Амрикои Лотин ва 4 кишвари Осиё: Тоҷикистон, Бангладеш, Непал ва Камбоҷа шомил шудаанд. Тоҷикистон ягона кишвари Шӯравии собиқ аст, ки ба ин феҳраст ворид гаштааст.
XS
SM
MD
LG